Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2019» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2019» гузаронида мешавад. Марҳилаи якуми амалиёти мазкур аз 1 июн то 31 август гузаронида шуда, марҳилаи дуюми он аз 1 сентябр шурӯъ гардида, то 30 ноябри соли 2019 идома меёбад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Ба иттилои манбаъ, қарори мазкур бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Бо ин қарор Рустами Эмомалӣ раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳр ва шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи корро бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия ва гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди пойтахт таъсис намоянд.
Бояд гуфт, ки ситоди шаҳрӣ муваззаф гардидааст, ки аз натиҷаи фаъолият дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт ба Раиси шаҳри Душанбе ва ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






