Дар шаҳри Гулистон мулоқоти минтақавии коршиносон дар масъалаҳои саломатии борварӣ ва тарзи ҳаёти солим баргузор гардид

Июнь 21, 2019 15:55

ДУШАНБЕ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато 11-12 июни соли равон  дар шаҳри Гулистон мулоқоти минтақавии коршиносон дар масъалаҳои саломатии борварӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонони мактабхон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинии мазкур коршиносони созмонҳои  байналмилалӣ ва намояндагони 11 кишвар иштирок намуда,  ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар мавзӯи саломатии борварӣ ва тарзи ҳаёти солим мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ташаккули муносибати солими байниҳмадигарӣ, нигоҳ доштани саломатии ҷинсӣ ва борварӣ, пешгирии ВНМО  ва пешгирии табъизи одамони гирифтори ВНМО мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Июнь 21, 2019 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд