Дар Теҳрон доир ба Панҷумин иҷлоси сарони давлатҳои аъзои МҲТБО нишасти хабарӣ баргузор гардид

Июнь 13, 2019 19:27

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон доир ба Панҷумин иҷлоси сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни 2019 дар Душанбе баргузор мешавад, бо иштироки намоянгдагони ВАО-и маҳаллӣ нишасти хабарӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили «Ирно», «Исно», «Илно», сайтҳои хабарии «Офтоби Корун», «Моҳон-нюс», «Садо ва симо», «Субҳи миллат», «Эрон-нюс», «Ово-дипломотик» ва «Осиё» иштирок намуданд.

Дар оғози нишаст Сафири Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ба хабарнигорони кишвари иқомат доир ба таърихи таъсиси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёро пайгирӣ мекунад, маълумоти мухтасар ироа намуд ва таваҷҷуҳи ҳозиринро ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон дар солҳои 2018-2020 ҷалб намуд.

Дар ин росто ҳадафу барномаҳои давраи раёсати Тоҷикистон дар созмон, ки ба таҳкими  зарфиятҳои МҲТБО дар татбиқи тадбирҳои эътимодсозӣ дар абъоди панҷгонаи фаъолияти ин созмон нигаронида шудаанд, таъкид гардиданд.

 Дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси раиси кунунии МҲТБО  талош хоҳад кард, то ҳамкории кишварҳои узви ин созмон ба хотири таъмини сулҳу субот ва рушду тавсеаи пойдор дар минтақа истеҳкоми беш аз пеш пайдо кунад.

Дар ин робита аҳаммияти баргузории Иҷлоси панҷуми сарони давлатҳои аъзои МҲТБО дар Душанбе ва нақши он дар тақвияти ҳамкории густурда миёни давлатҳои аъзо таъкид карда шуд.

Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони Панҷумин иҷлоси МҲТБО эътимоди комил дорад, ки ҳамоиши мазкур саҳнаи муҳим ва мусоид барои баррасии мушкилоти мавҷуда дар қаламрави Машварат ва эҷоди роҳҳои ҳал барои онҳо хоҳад буд ва дар табдили Осиё ба қитъае, ки дар он амну субот ва рушду тавсеа пойдор бошад, нақше хоҳад гузошт.

Дар фарҷоми нишасти хабарӣ аз ҷониби Сафири Тоҷикистон ба пурсишҳои намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Июнь 13, 2019 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид