ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ доир ба боришоти зиёди рӯзҳои охир

Июнь 3, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боду ҳавои номусоид ва боришоти зиёди рӯзҳои охир дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат боиси омадани сел гардид.  Аз  ҷумла, 1 июни соли 2019, дар натиҷаи боришоти шадид,  дар деҳаи Оби шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, ба дохили  таҳхонаи 8 хонаи истиқоматӣ ва 70 майдончаи наздиҳавлигии шаҳрвандон даромадааст.Хушбахтона,  дар ин рӯз ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  2 июни соли  равон дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон аз селобаҳо 18 адад замини наздиҳавлигӣ, 1 бинои ёрирасон ва 1 кӯпрук қисман, ки деҳаро бо шоҳроҳи Бохтар-Душанбе мепайваст, зарар диданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодиса  сокини 18-солаи маҳаллӣ ба ҳалокат расид.

Ба иттилои манбаъ, барои ташкили кор дар бартарафсозии офати табиӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

«Ҳоло  дар макони офати табиӣ корҳои барқарорсозӣ идома дошта, дар ҷойи ҳодисаҳо барои муайян намудани зарар комиссияҳои фавқулоддаи ноҳиявӣ кор карда истодааст», — илова намуд манбаъ.

Тавре аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ мемонад. Дар  мамлакат боридани  борону жола ва эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар баъзе ҷойҳо боридани  бошиддати борон  дар назар дошта шудаааст.Табиист, ки боло рафтани сатҳи оби дарёҳо ба вуҷуд меояд.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, хоҳиш  кардааст, ки  дар ин рӯзҳои боронӣ  бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд.  Аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум  ва дигар амалҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мегузаранд, худдорӣ намоянд.

«Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «Эҳтиёт –ними ҳаёт!», Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед. Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд», -омадааст дар муроҷиати Кумита.

Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ ва МГ аз масъулин ва сокинони ҷумҳурӣ  хоҳиш  кардааст, ки  ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу хошок ва дигар партов  пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Июнь 3, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 58 ҳазор шаҳрвандон ба нафақа баромадаанд
Вазири адлияи Тоҷикистон: «Бекоршавии ақди никоҳ тамоюли камшавӣ дорад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи парвандаҳои судӣ коҳиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд
Дар ноҳияи Файзобод иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон доир ба Ваҳдати миллӣ чун рукни асосии ташаккули ҷомеа ва давлат вохӯрӣ баргузор шуд
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 26 маркази тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
Дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд