Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад»

Июнь 15, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад», — тазаккур доданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки имрӯз, 15 июн дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар идома Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки бо иқдоми ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз  Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) эълон гардиданд.

«Бо ташаббуси навбатии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки татбиқи расмии он соли гузашта оғоз ёфт, бо иттифоқи оро қабул гардид», — афзуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки татбиқи фарогири чораҳои амалӣ дар доираи Даҳсолаи нав барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард ва дар ин робита, мо иштироки давлатҳои МҲТБО-ро дар татбиқи муштараки Даҳсолаи мазкур муҳим арзёбӣ менамоем.

Июнь 15, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон