«ГАРМИҲО ПАС АЗ САРДИҲО МЕОЯНД…». Сафири Тоҷикистон дар Эрон роҷеъ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти ҶИЭ ба Душанбе
ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ сафари қарибулвуқӯи президенти ҶИЭ Ҳасани Рӯҳониро ба Душанбе сафҳае нав ва гармибахш дар муносиботи миёни ду кишвар донист, навиштааст 12 июни соли 2019 хабаргузории «ParsToday».
Хабаргузорӣ бо истинод ба гузориши радиои тоҷикии «Садои Хуросон» иттилоъ додааст, ки Низомиддин Зоҳидӣ пеш аз зӯҳри чаҳоршанбе, 12 июн, дар нишасти хабарӣ дар остонаи баргузории панҷумин Ҳамоиши сарони кишварҳои узви конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) гуфт, ин иҷлос рӯзҳои 14 ва 15 –уми июн дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва бо ҳузури роҳбарони 15 кишвари узв баргузор мешавад ва Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар он ширкат мекунад.
Зоҳидӣ дар бораи таъсири сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе гуфт: «Эътимоди комил дорем, ки сафари оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон метавонад сафҳае нав ва гармибахш дар муносиботи ду кишвар боз кунад. Гармиҳо баъд аз сардиҳо меоянд ва ду тараф тасмим гирифтаанд сардиҳоро рафъ ва дар муносиботи дуҷониба марҳалаи ҷадид оғоз намоянд».
«ParsToday» дар идома навиштааст, ки сафири Тоҷикистон, ки ба тозагӣ фаъолияти худро дар Теҳрон оғоз кардааст, авлавияти кории худро тавсеаи бештари ҳамкориҳои ду кишвар унвон кард ва гуфт: «Ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳамакунун низ идома доранд ва бисёре аз ширкатҳои эронӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Илова бар ин дар назар дорем равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар, ки таърихӣ аст, дар сатҳи шаъни ду кишвар иртиқо ёбад”.
Дипломати тоҷик бо ишора ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самти сайёҳӣ изҳор дошт: «Солҳои 2019 -2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудаанд ва дар ин чорчӯб метавон бо ширкатҳои саайёҳии эронӣ равобити хубе барқарор намуд».








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






