Меъёри бозтамвил то 13,25 фоизи солона паст карда шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати 1,5 банди фоизӣ паст намудани меъёри бозтамвил ва дар сатҳи 13,25 фоизи солона нигоҳ доштани он қарор қабул гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд.
Раванди таваррум ва омилҳои таъсиррасон
Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти ҷамъбастӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2019 сатҳи таваррум раванди нисбатан болоравиро дошта, ба 2,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. Раванди таварруми бавуқӯъомада интизоршаванда буда, бо дарназардошти эффекти «базавӣ» асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайримонетарии марбутаи пешниҳодот ва мавсимӣ ба амал омад. Дар маҷмӯъ раванди таваррум аз нишондиҳандаи дурнамошудаи он (7,0 фоиз) андаке баландтар ҷамъбаст ёфт.
Интизориҳо ва хавфҳо
Тибқи таҳлилҳо, омилҳои мавсимии кӯтоҳмуддат дар бозорҳои дохилӣ, ки дар ибтидои сол ба чашм мерасид, дар семоҳаи дуюм вобаста ба зиёдшавии ҳосили нави маҳсулоти кишоварзӣ ва кам гардидани талабот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ тадриҷан паст мегардад. Дар баробари ин, дар асоси маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ дар давоми чор моҳи соли равон арзоншавии нархи ҷаҳонии бархе аз маҳсулоти хӯрока мушоҳида гардид, ки ин раванд низ ба нархи дохилӣ таъсир хоҳад расонид.
Дар баробари ин, хавфҳои эҳтимолии ба сатҳи таваррум таъсиррасон вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунӣ ва дохилӣ дошта, тағйирёбии раванди қурби асъор, эҳтимолияти таъсири манфии фишорҳои мазкур ба устувории таваррум ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавҷуданд. Бахусус, вазъи кунунии геосиёсӣ, низоъҳои сиёсӣ байни давлатҳои абарқудрат ва номуайяниҳо дар минтақа, болоравии сатҳи таваррум ва тағйирёбии қурби асъори шарикони асосии савдо боиси болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулотҳои воридотӣ гашта, метавонад ба вазъии иқтисодии мамлакат таъсир расонад.
«Дар асоси таҳлилҳо вобаста ба таъсири омилҳои мавсимию муваққатӣ сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли 2019 раванди болоравиро дошта, то интиҳои сол ба ҳудуди муқарраршудаи нишондиҳандаи мақсаднок 7,0%(+/-2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад»,- гуфта мешавад дар хабари БМТ.
Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ
Омилҳои эҳтимолии таъсиррасон, ки дар боло зикр шуданд, ғайримонетарӣ ва шокҳои кутоҳмуддат буда, меъёри бозтамвил, ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ дар сатҳи 13,25 фоизи солона муайян карда шуд. Меъёри фоизи муқарраркардашуда аз мавқеи воқеии сиёсати пулию қарзӣ (RMCI) бо назардошти намояи қурби воқеӣ ва меъёри фоизи воқеӣ дар сатҳи каме пасттар қарор мегирад.
Лозим ба ёдоварист, ки меъёри бозтамвил фишанги калидии танҳо амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.
Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, меъёри бозтамвилро бо дарназардошти баҳодиҳии хавфҳои таваррумӣ, раванди таваррум ва дурнамои он дар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад кард.








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






