Мизи мудаввари САҲА оид ба худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дшанбе таҳти унвони «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон, имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда» ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо ибтикори дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе доир карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъолияткунанда, иштирок намуданд.
Дар кори мизи мудаввар иштирокчиён стратегияи сесола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро, ки бо дастгирии САҲА таҳия шудааст, муҳокима намуданд. Коршиносони САҲА таҷрибаҳои омӯхташуда ва намунаҳои кори беҳтаринро оиди бартариҳо ва хусусиятҳои худтанзимкунии ВАО баррасӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи фаъолияти шӯрои ВАО дар минтақаи САҲА иттилоъ доданд.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ба Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ВАО дар кишвар арзи сипос намуда, чунин зикр кард: «Дафтари мо омода аст Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми тоҷикро минбаъд низ барои беҳтар намудани озодии сухан, гуногунандешии ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар дастгирӣ намояд».








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






