ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор боқӣ мемонад

Июнь 3, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, боридани  борону жола ва эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар баъзе ҷойҳо боридани  бошиддати борон  дар назар дошта шудаааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 6-11 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-2 дараҷа  сард ва   рӯзона  ҳарорат ба 9-14  дараҷа  мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 1-6  ва  рӯзона  11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 19-24  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо жола дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда,  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 25-27  дараҷа гарм мешавад.

Июнь 3, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд