Портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андозсупорандагон Портали хизматрасониҳои электрониро роҳандозӣ намуд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии он баргузор гардид»,- итилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.
Дар маросими рӯнамоӣ муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зикр кард, ки Портали мазкур 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, дар худ ҷой намудааст.
«Портали мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоид ба андозсупорандагон ва осон гардонидани истифодаи хизматрасониҳои электронӣ барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ нақши муассир мегузорад. Роҳандозии он барои пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта байни андозсупоранда ва корманди мақомоти андоз мусоидат менамояд», -афзуд номбурда.
Бояд тазаккур дод, ки Портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат 10 майи соли равон баён намуда буданд, таҳия ва роҳандозӣ гардидааст.
Дар маросими рӯнамоии Портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ иштирок доштанд.








Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд






