Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон: «Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои аъзои МҲТБО маҳсуб мешавад»

Июнь 15, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/.  «Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории мо маҳсуб меёбад. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд. Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд», — бо чунин пешниҳод  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таваҷҷуҳи иштирокдорони  Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки имрӯз, 15 июн дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба  масъалаи  зикршуда  ҷалб намуданд.

Президенти мамлакат ба иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон низ, ки наваду се (93) фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, дар рӯ ба рӯи оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, ки ҳар сол боиси зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд, осебпазир аст.

«Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ – гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд», -изҳори ташвиш намуданд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат дар ин робита  таъкид намуданд, ки  «ба ҳамагон маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин  иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад. Бо иқдоми ҷониби мо аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз  Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) эълон гардидаанд.Бо ташаббуси навбатии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки татбиқи расмии он соли гузашта оғоз ёфт, бо иттифоқи оро қабул гардид.Татбиқи фарогири чораҳои амалӣ дар доираи Даҳсолаи нав барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард. Дар ин робита, иштироки давлатҳои МҲТБО-ро дар татбиқи муштараки Даҳсолаи мазкур муҳим арзёбӣ менамоем».

Июнь 15, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»