Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикат дар ин самт мусоидат хоҳад кард»

Июнь 15, 2019 13:54

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикати кишварҳоямон дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дар ин росто, ба иттилои Пешвои миллат, аз ҷониби Тоҷикистон бо манзури шиносоии васеи намояндагони давлатҳои аъзои МҲТБО бо мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва захираҳои ғании табиии мамлакат, инчунин таъсиси замина барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар ин самт чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Зимни суханронии Сарвари давлат изҳори умед карда шуд, ки вохӯрии имрӯза ба иштирокдорон ҷиҳати табодули таҷрибаи тайи солҳои шарокат дар доираи Машварат андӯхта ва муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти муштараки минбаъдаашон оид ба таҳкими ҳусни эътимод, амният ва пешбурди раванди МҲТБО имконият фароҳам меорад.

Дар фарҷоми суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки Саммит барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва таҳкими абзорҳои ҳамкории бисёрҷониба ва мушорикати васеъ дар доираи ҳалли масъалаҳои умдаи МҲТБО такони иловагӣ мебахшад.

Июнь 15, 2019 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид