«Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон дар шароити таъсири омилҳои беруна». Дар ин мавзӯъ дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 20, 2019 18:01

ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи сиёсии ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ  ба баъзе аз кишварҳои шарики тиҷорати Тоҷикистон  ба иқтисодиёти миллии  кишвари мо бетаъсир намемонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин матлаб имрӯз зимни  ҳамоише, ки дар Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат бо ҳузури роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва шарикони рушд дар мавзӯи «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар  шароити  таъсири омилҳои беруна» доир шуд, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳадафи ҳамоиши мазкур  баррасии  рафти иҷрои нақшаи  чорабиниҳои зиддибуҳронӣ ва 300 рӯзи  ислоҳот, инчунин ҷалби маблағгузорӣ  барои татбиқи  сифатнок ва саривақтии   нақшаи чорабиниҳо  оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии  сиёсати макроиқтисодӣ  ва ҷилагирӣ аз  таъсири хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ  мебошад.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  зимни муаррифиии нақшаи  чорабиниҳо оид ба  ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири   хавфҳои эҳтимолӣ  ба иқтисодиёти миллӣ зикр кард, ки   бо назардошти тағйирёбии  вазъи иқтисодии  ҷаҳон ва таъсири  он ба самтҳои муҳими  иқтисодиёти милллӣ нақшаи чорабиниҳои мазкур бо  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мақсади  асосии он татбиқи сиёсати  макроиқтисодӣ  дар самтҳои буҷету андоз,  пулию қарзӣ,  тавозуни пардохт, бахши воқеӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ мебошад.

 З.Завқизода ҳамзамон гуфт, ки  дар давоми шаш моҳи татбиқи  қарори мазкур дар мамлакат як зумра  корҳо анҷом дода шуданд. Фаъолияти гурӯҳҳои кории зиддибӯҳронӣ  дар назди  муовини аввали Сарвазири мамлакат ва назди Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, таъсиси гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон  оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ, андешидани  тадбирҳо дар самти  кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ, таъмини  устувории фаъолияти корхонаю ширкатҳои азими мамлакат, назири «ТАЛКО», «Тоҷик Эйр», «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  ва нақшаи солимгардонии онҳо, устувор гардонидани низоми бонкӣ ва бонкҳои мушкилдор, кам кардани шумораи мақомоти  санҷишӣ дар ҷумҳурӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаҳои қолинбофӣ, моҳипарварӣ, парандапарварӣ,  сайёҳӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Зикр гардид, ки новобаста ба таъсири баъзе омилҳои беруна  рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/  дар соли гузашта  7,3 фоиз ва дар панҷ моҳи соли равон 7,2 фоизро ташкил дода, таваррум  дар соли 2018 дар сатҳи  5 фоиз ва  дар панҷ моҳи соли  равон   дар сатҳи 3,6 фоиз қарор дорад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои  марбут ба  300 рӯзи  ислоҳот оид ба  дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ, нақши шарикони рушд  дар татбиқи ислоҳоти  иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамзамон муайянсозии сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои  татбиқи  сифатноки  Нақшаи  зидибӯҳронӣ ва  дигар масоили ба ин самт марбут  баррасӣ гардида, иштирокорони ҳамоиш –роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва шарикони рушд дар мавзӯъҳои мавриди назар пешниҳодҳои  судманд намуданд.

                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2019 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Долони мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия+Чин» дар эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ нақши муассир мегузорад
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Актив Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод
Бо татбиқи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» 750 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад
«ТИЛЛОИ САФЕД». Дар вилояти Хатлон беш аз 93 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ – Чин иштирок намуд
Дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» доир мегардад
Пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки 14 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ машварат баргузор шуд