«ТАРБУЗ»-И НОТАВОНБИНОН «АЗ БАҒАЛ АФТИД». Андешаҳои коршинос дар ҳошияи сафари Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон

Июнь 1, 2019 10:47

ДУШАНБЕ, 01.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ду рӯзи охир сафари Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар сархати расонаҳо қарор дошта, натиҷаи сафар ва таассуроти меҳмонон комилан мусбат аст. Ба андешаи инҷониб, дар сатҳи хуб ва сифати баланд ташкил шудани боздиди меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳонаш дастоварди навбатии дипломатияи мо ва далели бебаҳси бениҳоят баланд будани обруву нуфузи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.Барои ман минҳайси як тоҷик аз забони Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск шунидани он ки “мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи доштани  чунин Сарваранд», хеле хушоянд ва боиси ифтихори беандоза  аст.

Илова бар ин, эътирофи ин шахсияти соҳибнуфузи сайёра — “имрўзҳо на танҳо дар кишварҳои минтақа, балки дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосӣ дар ҳалли масъалаи норасоии оби ошомиданӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ дониста мешавад”, аз ҷойгоҳи хоси Пешвои миллат ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Моҳиятан сафари мазкур силӣ ба рӯи нотавонбинони миллату давлати тоҷик аст. Зеро қаблан баъзе “коршиносон”-и мустақил ва тоҷикони “аврупоишуда” аз кам шудани таваҷҷуҳ ва тамоюли манфишавиро касб намудани назари масъулини кишварҳои аврупоӣ ва ташкилоту созмонҳои молиявии олам ба кишварамон “нигаронӣ” карда, ба ин васила — сафсатапароканӣ ва ҳарзагӯӣ то андозае худро “хунук” мекарданд.

Ин “бузург”-он намедонанд ва ё нодида вонамуд мекунанд, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола пеш ба имзо расидааст, робитаҳои тарафҳо дар ҳоли тақвияту тавсеа аст. Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки ҳаҷми умумии кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон танҳо барои давраи то соли 2015 зиёда аз 500 миллион евроро ташкил додааст.

Муҳимтар аз ҳама, дар доираи  Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион евро татбиқ шуда истодаанд.

Ҳамрадиф бо ин далелҳо, суханони Доналд Туск -“Иттиҳоди Аврупо имрӯз омодааст, ки барои дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо кӯмак намуда, шароити зарурӣ фароҳам орад. Президенти аввалини Шӯрои Аврупо мебошам, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорам ва ин нишондиҳанди ҷонибдории ҳамкориҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон мебошад», “тарбуз”-и ашхоси мавриди назарро “аз бағал афтонд”.

Барои аҳли фаҳму андеша таъкиди Президенти Шӯрои Аврупо дар мавриди он ки “ҷойгиршавии минтақавии Тоҷикистон аз нуқтаи стратегӣ муҳим буда, он нақше, ки Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё мебозад барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад”, моҳиятан ғизо маҳсуб мешавад. Омили мазкур далели бебаҳси он аст, ки шахсиятҳои калидии Аврупо дар бораи кишвари мо ва нақши Пешвои миллат  маълумоти кофӣ ва асоснок доранду маҳз аз ин зовия амал мекунанд. Биноан, бо бечоранолӣ  ва таҳрифи далелу арқом ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон онҳоро гумроҳ кард ва ё гул зад.

Пешвои миллат барҳақ таъкид карданд, ки “равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, дар маҷрои созанда бомаром рушд карда истодаанд. Сафари Президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск ба Тоҷикистон боз як нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлӯи худ мебошад”.

Эътироф бояд кард, ки бардошту шинохти мо доир ба Аврупо, мардуми Аврупо ва демократияи аврупоӣ ба таҳлилу хулосаи асоснок камтар рабт дорад. Дар баъзе маврид нодида мегирем, ки “чизе барои мағрибӣ қобили қабул аст, барои машриқӣ ба ба марг баробар мебошад”.

Дарк кардан намехоҳем, ки барои мардуми аврупо лозим нест, ки ҷиҳати танзими ҷашну маросим қонуни алоҳида қабул кард. “Дар замоне, ки ба моҳ бояд рафт” ғарбиҳо дар фикри он нестанд, ки андозаи риш бояд чӣ қадар бошаду тобутро бояд аз кадом гӯшааш бардошт?

Аз андешарониҳои ашхосе, ки зиёд ба Аврупо сафар кардаанд, метавон хулоса кард, ки аврупоиҳо вожаҳои дўстӣ, самимият, садоқат ва амсоли онҳоро моли таърих ва сюжети филмҳои ҳиндӣ намедонанд. Ғарбӣ баробари аз мансаб рафтани соҳибмансаби қаблӣ, бо ў аз салом намудан ҳазар намекунад. Мардуми аврупо замони мақомдор буданаш ба ҳеҷ ваҳҳ атрофи нафаре парвона намешаванду баробари аз мансаб канор рафтанаш дурӣ намеҷўянд.

Дар Аврупо каманд нафароне, ки бо вуҷуди мувофиқи матлаб набудани ақлу идрокашон аҳли фазлро эрод гиранд ва аз он ки ҳамкорашон нисбат ба онҳо муваффақтару муътабар аст, «хобу хўр барояшон ҳаром намешавад». Талаботи қонунро риоя мекунанд ва иддао надоранд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳадди ваколатҳои хизматиашон мебароянд. Шояд набошад аврупоие, ки агар нафаре аз пайвандони соҳибмансаби заруӣӣ фавтад, «хун гиря кунад»-у ба ҷанозаи нодоре рафтанро, бо вуҷуди қаробат доштанаш, чандон зарур надонад.

Мушоҳида мекунам, ки зиёданд ашхосе, ки аксар вақт дар қиболи дастоварду пешравиҳои кишвари худ «нобино» мешаванду ба зиндагиву усули давлатдории мамлакатҳои ғайр бо ҳавас менигаранд. Манзурам «шоридан»-и «оби даҳон»-и баъзеҳо барои демократияи кишварҳои Аврупо мебошад, ки аксари вақт дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозгӯйӣ мегардад.

Ба ҳеҷ ваҷҳ мавҷудияти демократияро дар мамлакатҳои фавқуззикр инкор намуданӣ нестам. Вале ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ хуб медонанд, ки на демократияи Аврупо  махсусиятҳои худро дорад.  Яке аз «махсусият»-и мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст.

Боиси таассуф аст, ки аксари ба ном «коршиносони мустақил» ва сиёсатмадорони мо зимни пешниҳоди шарҳу эзоҳи ин масъала ҳақиқати ҳолро доир ба демократияи Аврупо сарфи назар мекунанд.

— Агар мехоҳем зиндагии аврупоӣ дошта бошем, бояд пеш аз ҳама, тафаккурамонро аврупоӣ кунем,- ин суханонро чанд сол қабл яке аз сиёсатмадорони кишвар гуфта буд. Шояд барои баъзеҳо, ки бӯе аз ҳикмат, рамз ва мантиқ набурдаанд ин суханони одӣ бошад. Вале агар онро ба ришта таҳлил кашем, маънӣ ва мантиқи ин гуфта амиқ ва фарохтар аз оне мепиндорем(анд), ҳувайдо мегардад.

Дар маҷмӯъ сафари шахсияти зикршуда ва таассуроти ӯ аз тамоми лиҳоз мусбат ва муҳим буда,  бо инобати баҳои баланди номбурда ба Пешвои миллат, ибтикори амалишуда ва табиати нотакрори кишварамон мо метавонем ифтихорманд бошем.

Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи «Садои мардум»

Июнь 1, 2019 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли равон нахустин маротиба корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд»
АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
Пагоҳ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сафири Тоҷикистон нусхаи Эътимодномаи худро дар Вазорати корҳои хориҷии Миср супорид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок намуд
Дар Ҷопон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малта ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид