Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири фавқуллодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.
Лю Бин иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, ки моҳи майи соли равон сурат гирифт, ба густариши робитаҳои фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшид.
«Рӯзҳои фарҳангӣ равзанае мебошанд, ки тавассусти онҳо мардуми кишварҳои гуногун аз фарҳанг ва санъати ҳамдигар хабардор мешаванд», — зикр намуд Сафир.
Шамсиддин Орумбекзода оид ба робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, сухан гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз имконияти васеъ барои ҳамкорӣ дар соҳаи санъат, фарҳанг, театр ва тарбияи кадрҳо мавҷуд мебошад.
Инчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба муаррифии китоби «Си Ҷин Пин оид ба идоракунии давлатӣ», ки маҷмӯи суханрониҳо ва мусоҳибаҳои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пинро дар бар мегирад, суҳбат намуданд. Рӯнамоии китоби мазкур, ки дар радифи чандин забонҳои дунё ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаи ташкили Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Чин ва Маркази фарҳангии Чин дар Тоҷикистон матраҳ гардид. Зикр гардид, ки ташкили чунин марказҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар неруи тоза хоҳад бахшид.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






