Захар Винников ба наворбардорони тоҷик дарси маҳорат меомӯзад
ДУШАНБЕ,13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз 17 то 21 июни соли равон барои наворбардорони тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор мегардад. Ин омӯзишро наворбардор-таҳиягари шабакаи телевизионии «Звезда»-и Россия Захар Винников мегузаронад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз муассисаи мазкур хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Захар Винников наворбардор-таҳиягари шабакаи телевизионии «Звезда»-и Россия буда, барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла лауреати яке аз озмунҳои бонуфузи соҳаи телевизион «ТЭФИ» мебошад. Ӯ ҳамчун омӯзгори соҳибтахассус дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Россия барои омода намудани наворбардорони ҳирфавӣ ва истифодаи технологияи муосир дар соҳа машғулиятҳои бозомӯзӣ мегузаронад.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






