17 июл Вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 июл оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 нишастҳои матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 09:00 дар Вазорати нақлиёт баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Саридораи геология соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Саридораи геология доир мегардад.
Роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар Хадамоти мазкур бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишаст мегузаронанд.
Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






