Адиб-ҳаҷвнигори маъруфи Суғд Абдулҳамид Ҷӯраев ба синни 70 расид

Июль 2, 2019 17:29

ХУҶАНД, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Адиби ҳаҷвнигор ва рӯзноманигори шинохтаи вилояти Суғд Абдулҳамид Ҷӯраев ба синни мубораки 70 расид. Дирӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар зодгоҳи соҳибҷашн — Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров  маҳфили эҷодии нависанда  ороста шуд.

Дар ин рӯз саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоат, ки дар он устод сабақ омӯхтааст, ҷойгоҳи аҳли адибону қаламкашон ва фаъолони ноҳияву ҷамоат гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, зимни суханронии   намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд, шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамкасбони соҳибҷашн аз фаъолияти Абдулҳамид Ҷӯраев ёдовар гардида, аз хислатҳои неку ибратбахш ва кордониву саҳми ӯ дар рушди соҳаи радиожурналистика ҳарф заданд ва  барояш сиҳатмандӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуданд.

Аз ҷумла, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр дошт, ки Абдулҳамид Ҷӯраев аз қаламкашони шинохтаи   вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми ӯ дар пешбурди соҳаи рӯзноманигорӣ, тарбияи ҷавонон низ назаррас аст.

Мавсуф зикр намуд, ки ӯро ҳамзамон ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигори закитабъ мешиносанд ва ба табъ расидану манзури хонандагон шудани чандин асари ӯ,   ба мисли «Шишаи ғелон», «Рашкибегим», «Ба ҳеҷ кас нагӯед!» ва китоби навбатии ӯ бо номи «Кор кунам ё накунам?» ки омодаи чоп аст, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Абдулҳамид Ҷӯраев 1 июли соли 1949 дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров), дар идораи «Кинопрокат» ва сипас давоми беш аз 30 сол дар радиои вилоят то ба вазифаи сармуҳаррир фаъолият бурдааст.

Ҳамзамон ӯ дар инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ низ ба ҳайси хабарнигори радиоӣ саҳми арзанда дошта, барои фаъолияти густурдааш бо мукофотҳои  гуногун, аз қабили  нишонҳои «Аълочии матбуот» ва «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Июль 2, 2019 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд