БО ОТАШ БОЗӢ НАКУНЕД! Ғаллазоронро аз сӯхтор муҳофизат бояд кард

Июль 18, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми санҷиши муштараки ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳолатҳои  риоя нашудани талаботи меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро  ошкор намуд.

Чунончи, дар хоҷагии тиҷоратии кооперативии «Фарҳод-68»-и Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ин ноҳия Ибодулло Расулов дар ҳудуди ғаллазор бо трактори дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бе оташхомӯшкунаку ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дигар воситаҳои зиддисӯхтор ба коркарди ғаллаи даравидашуда машғул буд. Чунин ҳолати ҳузнангез дар деҳаи Гулисойи Ҷамоати деҳоти Лоҳур, дар майдони ғаллазори хоҷагидор Файзулло Раҷабов низ ошкор гардид. Тракторчӣ Раҳим Холов талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро сарфи назар намуда, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ саргарми кор буд. Дар натиҷа нисбат ба номбурдагон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти онҳо боздошта шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳолати дигари риоя нашудани меъёр ва талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи мазкур  аз тарафи ронандаи трактори тамғаи Т-28 Саид Раҳимов  ба мушоҳида расид. Номбурда аз меъёр зиёд ба бордони трактор коҳ бор кардааст, ки ҳангоми ҳаракат як миқдори он ба роҳи мошингард чаппа шуда, ба ин васила  ҳаракати дигар воситаҳои  нақлиётро маҳдуд сохтааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи  нақлиёти боркаш  «ГАЗ-53» аломати қайди давлатиаш 64-79 ВВ 07 РТ, Ҳабибулло Довудов низ айнан ба чунин қоидавайронкуниҳо роҳ додааст, ки   нисбат ба  ӯ чораҳои маъмурӣ андешида шуд.

Дар замини хоҷагидор Бекмурод Хуҷаков, воқеъ дар деҳаи Баракати ҷамоати мазкур аз трактори дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набуда, инчунин бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ истифода бурда мешуд, ки чунин ҳолат метавонист боиси ба амал омадани сӯхтор гардад. Дар натиҷа нисбат ба  номбурда тадбирҳои қонунӣ андешида шуда, фаъолияти трактор қатъ гардонида шуд.

Бояд илова намуд, ки алҳол баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар заминҳои ғаллазор ва хӯроки дурушти чорво, тибқи нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак  мегузаранд.

Бояд  ёдовар шуд, ки ҳанӯз то оғози мавсим  аз тарафи мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо роҳбарону хоҷагидорон  машваратҳои омӯзишӣ  оид ба таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор доир гардида буд.

Ҳамчунин дар ин робита,  ба масъулину мутассадиёни соҳаи кишоварзӣ амрномаю тавсияҳои зидди сӯхтор супорида шуда буданд. Вале, новобаста аз ин тадбирҳои андешидашуда, ҳамоно ҳодисаҳои сӯхтор дар баъзе аз майдонҳои ғаллазор ба амал меоянд, ки ин аз бемасъулиятии бархе аз  масъулини соҳаи кишоварзӣ дар ин самт шаҳодат медиҳад.

Июль 18, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд