Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон сангҳои ороишӣ ба хориҷи мамлакат содир шуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншооти сохтмониро бо масолеҳи зарурӣ таъмин менамоянд. Дар шашмоҳаи якуми соли равон аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Зиркон»-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот гардид.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаш моҳи соли 2019 ба маблағи 1247,4 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 168,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июн 12,4 ва дар 6 моҳ 10,5 %-ро ташкил дод.
Истеҳсоли семент ба 1,9 миллион тонна, хишт 51,3 миллион дона, газоблок 14,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 674,3 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 605,4 ҳазор дона ва шифер 386,7 ҳазор дона баробар шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон 31,0 %, «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 28,0 %, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27,0 % ва «Сементи Тоҷик» 5,1 % назаррас мебошад.
Ҳаҷми содироти масолеҳ 33,9 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 20,8 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 13,1 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 33,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин, шиша, маснуоти санитарӣ ва гаҷкартон ташкил додааст.
Дар ин давра 745,0 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 433,0 ҳазор тонна, Афғонистон 280,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 31,8 ҳазор тонна содир гардидааст.
Содироти гаҷкартон ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон 193,8 ҳазор донаро ташкил дод.
Дар шаш моҳи соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли семент «Моҳир семент»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, шифер ҶДММ «Муқим-1» дар ноҳияи Ёвон, корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ «Зиркон» дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ «Белтатекс»-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.
Ҳамчунин ҶДММ «Сомоншифер» бо сармоягузории ширкати «Кусто Групп»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба навсозии таҷҳизоти технологӣ бо маблағгузории 300,0 ҳазор доллари ИМА оғоз намуд. Мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи якуми корхона бо иқтидори 400,0 ҳазор дона шифер моҳи октябри соли 2019 пешбинӣ шудааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»









Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар 17 намоишгоҳи дохилию байналмилалӣ муаррифӣ гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 3 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд ва барқарор карда шуд
Дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология 259 кони дорои захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он






