Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид

Июль 5, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масъалаи ҳамкории судманди ду мамлакатро дар самти  стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ, нафту газ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи муҳити зист, саноат, нақлиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ намуданд.

Дар назар аст, ки имрӯз аъзои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон дар доираи баргузории ҷаласаи 7-ум аз рӯи масъалаҳои баррасигардида протокол ба имзо расонанд.

Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар самти содироти мол ба ҳисоб меравад. Гардиши мол миёни мамлакатҳо дар семоҳаи аввали соли равон 35,5 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз ин ҳисоб содироти мол аз Тоҷикистон ба Афғонистон 35,47 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб зиёдшавии содирот ба назар мерасад, ки он ҳамагӣ 32 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Июль 5, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд