Дар Хадамоти гумрук Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба шоҳмот оғоз ёфт

Июль 3, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба шоҳмот» дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як маросими ботантана оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Шерализода гуфт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат толору майдончаҳои варзишии муосир бунёд гардиданд, ки дар самти рушди варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон бо мақсади рушди шоҳмот дар кишвар ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон доир ба ин намуди зеҳнии варзиш дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода оид ба бозии шоҳмот, таърих ва ташаккули он дар Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ ва қадимтарин дар ҷаҳон мебошад.

Зикр шуд, ки шоҳмотбозӣ ҳамчун бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе  аз варзиши фикрӣ байни ду бозингар маҳсуб ёфта, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки аввалин Мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар 4 марҳила байни наврасони то 14-сола, ҷавонони аз 15 то 30-сола ва калонсолон аз 30-сола боло доир мегардад.

Марҳилаи интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли равон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир мегардад.

Даври дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳияю шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз 5 то 25 сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат мегирад.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 1 то 5 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо баргузории «Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот» баргузор мешавад.

Ҷоизаи «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба шоҳмот 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад.

Инчунин барои ҷойи якум, дуюм ва сеюми даставӣ  30000, 25000 ва 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Июль 3, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Бозии Тоҷикистон ва Малдивро гурӯҳи доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи Малдив бозӣ мекунад
Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Перу сазовори медали тилло гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми ИДМ дар Озарбойҷон соҳиби 18 медал гардиданд
Дастаи «Соро компания» барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд
Се варзишгари навраси тоҷик аз намуди бокс ба даври ниҳоии Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ роҳ ёфтанд
ФУТБОЛ. Шервонӣ Мабатшоев ва Алишер Тухтаев беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи сентябр дониста шуданд
Горан Стеванович сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъин шуд
ФУТЗАЛ. 4 октябр бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад