Дар Суғд озмуни ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад

Июль 19, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади таъмини рушди ҳунарҳои миллӣ то охири моҳи июл дар вилояти Суғд озмуни ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Иштирокчиёнро зарур аст, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшуда, тарзи муаррифии ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ, навовариву ташаббускорӣ, тарбияи шогирдон ва дигар нишондиҳандаҳоро ба таври шоиста пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун кулолгарон, чӯбтарошон, сабадбофон ва дигар хоҳишмандон метавонанд иштирок намуда, маҳсулоти худро пешниҳоди ҳакамон гардонанд.

Барои нуҳ нафар беҳтарин кулолгарон, чӯбтарошон ва сабадбофон аз 1000 то 3000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 18 000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст.

Июль 19, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад