Дар Теҳрон ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Теҳрон 22 июл ҷаласаи 240-уми Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Созмон таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҳамоишҳои муҳим дар чаҳорчӯби СҲИ, аз ҷумла нишасти дуюми Шӯрои ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи тиҷоратии СҲИ (18-19 августи 2019, Эрон), нишасти сеюми вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ (22-23 августи 2019, Тоҷикистон), нишасти дуюми раисони бонкҳои миллии кишварҳои узви СҲИ (29 августи 2019, Эрон) ва масоили дигари тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви Созмон баррасӣ гардида, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






