Дар Тоҷикистон Мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеъ оид ба тенниси рӯи миз доир мегардад

Июль 19, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 июли соли равон дар ҷумҳурӣ Мусобиқаи интихобии даври дуюм  оид ба тенниси рӯи миз байни ҷавонони  соли таваллуди 1998 ва аз ин хурд баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи интихобии дастаҳои ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва шаҳри Файзобод  дар ноҳияи Рашт ва  дастаҳои  шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб   дар шаҳри Ҳисор доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали Мусобиқаи тенниси рӯи миз дар сатҳи маҳаллӣ ва ноҳиявӣ доир гардида, ғолибони даври дуюм ба марҳилаи минтақавӣ роҳхат пайдо намуданд.

Июль 19, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд