Донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни «Enactus Word Cup» ба Америка мераванд

Июль 16, 2019 15:06

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни  «Enactus Word Cup», ки моҳи сентябри соли равон дар иёлати Калифорнияи ИМА баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Дар ин бора муовини Ректор оид ба таълим ва идораи сифати Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, як гурӯҳ донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ дар давраи ниҳоии озмуни лоиҳаҳои соҳибкории доншҷӯёни Тоҷикистон ширкат варзида, аз рӯи се лоиҳа ғолиб ва соҳиби роҳхат гардиданд.

Мавзуф иброз дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи махсуси рушди донишгоҳро то соли 2030 ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он шумораи мутахассисони навовар зиёд мегардад.

«Соли 2019 раванди таълимро 289 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 121 нафарашон дорои дараҷаи номзад ва доктори илм мебошанд, таъмин намуданд»,- баён дошт Маҳмуд Тошматов.

Июль 16, 2019 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст