Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба Намоиши санъати портрет миёни давлатҳои СҲШ омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 24.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои иштирок дар Намоиши санъати портрет, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ — ШОС) баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. Ин матлабро Ректори донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғанизода имрӯз, 24 июл зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба зикри мавсуф, баргузории намоиши мазкур моҳи декабри соли равон дар назар дошта шуда, дар он корҳои эҷодии 15 нафар омӯзгорони донишкада ба намоиш гузошта мешаванд.
Гуфта шуд, ки омӯзгорони эҷодкори донишкада дар намоишҳои сатҳи дохилидонишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асарҳои худро ба тамошо гузоштаанд. Ҳамзамон корҳои эҷодии онҳо дар доираи намоиши таблиғотӣ ба сифати нигораҳо пешниҳод гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давоми шаш соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистрҳо тайёр мекунад.
Ёдовар мешавем, ки сохтори таълимии донишкадаро 3 факултет, 7 кафедра, шуъбаи тайёрӣ, Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






