Душанбе ва Ҳисор — мизбони Чемпионати CAFA-2019

Июль 24, 2019 12:21

ДУШАНБЕ,24.07.2019./АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон аз 26 июл то 1 августи соли равон  Чемпионати  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2019)  баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки  дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон  ширкат мекунанд.  Аз миёни  онҳо дастаи  беҳтарин муайян  карда мешавад.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.

Мавриди зикр аст, ки дар  Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони мо давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати  Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир  хоҳад шуд.

Дар мусобиқаҳои интихобии  Чемпионати  Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

Хотиррасон менамоем, ки дар конгресси навбатии CAFA, ки 24 апрели соли равон дар Душанбе доир гардид, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳамзамон президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб гардид.  Ӯ то соли 2023 сарварии ин ассосиатсияро бар уҳда хоҳад дошт.

Июль 24, 2019 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд