Фаррух Ҳамрализода: «Дар Тоҷикистон ҳоло 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд»
ДУШАНБЕ, 31.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 31 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ 31 июл дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда то 1 июли соли равон беш аз 15 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Ин омор қариб 50 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои татбиқшавандаро ташкил медиҳад.
Фаррух Ҳамрализода афзуд, ки раванди ислоҳот ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии мамлакат дар ин давра имкон дод, ки 5 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, 3 созишномаи дигар таҳия шуда, барои баррасӣ ба вазорату идораҳои марбута пешниҳод гардид.
Дар маҷмӯъ дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ интизор меравад, ки 7 корхонаи нави истеҳсолӣ дар мамлакат бунёд ва барои амалигардонии онҳо қариб 200 миллион доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда шавад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки алҳол Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ корбариро идома дода истодааст. Дар мавриди мувофиқа ва тасдиқ гардидани онҳо боз 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ солҳои оянда ба иқтисоди миллӣ ҷалб карда хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади муаррифии молу маҳсулот, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар доираи нақшаи 300 рӯзи ислоҳот портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) www.b2b.tj ташкил карда шуд.
Инчунин бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони навтаъсис ва ҷавонон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ, ҷиҳати ташкил ва роҳандозӣ намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ тадбирҳои зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд.










Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






