Форуми миллии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон беҳтарин корхонаҳоро муайян намуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) Форуми миллии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон баргузор гардид. Форуми миллӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) созмон дода шуда, дар он намояндагони ширкатҳои хусусии соҳа, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Раиси Шӯрои ИРБаХТ Файзалӣ Раҷабов гуфт, ки «дар замоне, ки кишварҳои ҳамсоя ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии худ аҳамияти зиёд медиҳанд ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд, то дар баробари таъмини бозори дохилияшон бо маҳсулоти нассоҷӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бароянд, мо низ бояд аз ин раванд ақиб намонда, сари масъалаи афзоиши коркарди ниҳоии пахи пахта то ба маҳсулоти тайёр фикр кунем. Танҳо дар сурати баланд бардоштани зарфиятҳо ва тавоноиҳои ширкатҳои ватанӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ ва молиявӣ метавонем ба ҳадафи стратегии коркарди ниҳоии пахта то ба маҳсулоти тайёр дар дохили ҷумҳурӣ даст ёфта, бозори дохилиро аз даст надиҳем ва дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем».
Инчунин дар ҳамоиш намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба вазъи феълӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти коркарди ниҳоии нахи пахта, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ сухан карда, пажӯҳиш оид ба вазъи кунунии бозори либос дар кишвар, ки бо пуштибонии молиявии МТБ аз ҷониби профессор Азизулло Авезов ва ширкати маҳаллии консалтингии Business Consulting Group гузаронида шудааст, муаррифӣ гардид. Иштирокдорони ҳамоиш бо фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, корхонаҳои соҳа, Иттифоқи касабаи коркунони саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ шинос гардиданд. Дар ҳамоиш корхонаҳо ва соҳибкорони беҳтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар соли 2019 муайян гардиданд, ки инҳо корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта «Ҷавонӣ», «Сатн» (Хуҷанд), корхонаи беҳтарини ресандагии «Файзи Истиқлол – 2011»- (Ҳисор), корхонаи кешбофӣ (ҷӯроббофӣ): «Ваҳдат» (Ёвон), корхонаи дӯзандагии «Лидер» (Хуҷанд), «Гулистони Душанбе» (Душанбе) мебошанд. Инчунин соҳибмулк, директори генералии ҶДММ «Ваҳдат» (Ёвон) Илҳом Мирзоев беҳтарин соҳибкори ҷавони соҳа гардид.
Собиқадорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии фаъоли аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон низ барои нақш ва заҳматҳояшон дар рушди саноати мамлакат қадрдонӣ шуданд.








Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда ба маблағи 43,2 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон 8,4 фоизро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
Дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст
Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад






