«ХУШ ОМАДЕД БА ДИЁРИ ХУШМАНЗАРАИ ТОҶИКИСТОН!». Донишҷӯи тоҷикистонӣ Азиза Ҷӯраева, ки дар Пекин таҳсил мекунад, ба суолҳои агентии иттилооотии «Синхуа» мухтасар посух дод

Июль 2, 2019 18:18

ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар ҳошияи иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин- «EXPO-2019» ва бо мақсади муаррифии фарҳанг ва таърихи тоҷикон, имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин — «Синхуа» бо номи «Дар бораи Тоҷикистон аз забони Азиза» маводи видеоӣ таҳия ва нашр карда шуд, ки он ба баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии диёрамон равона шудааст.  

 Дар он донишҷӯи тоҷикистонӣ Азиза Ҷӯраева ба суолҳои АИ «Синхуа»  бо забонӣ чинӣ посух гуфта, оид ба фарҳанг, таърих ва расму русуми миллии тоҷикон ҳикоят мекунад.

Дар зер матни пурра ва худи ин мавод пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

— Лутфан худро муаррифӣ мекардед…

— Салом, номи ман Азиза. Номи чиниам – Тзивэй. Ман аз Тоҷикистон ҳастам. Беш аз як сол аст, ки дар Чин зиндагӣ мекунам.

— Хӯроки дӯстдоштаи Шумо?

— Ман «утка»-и ба таври пекинӣ пухташударо дӯст медорам. Ҳамчунин ба ман хӯрокҳои миллии Синзян хеле маъқуланд.

— Аз таомҳои миллии тоҷикӣ чиро меписандед?

— Воқеан ҳам таомҳои миллии лазизи тоҷикӣ хеле зиёданд, вале бештар палави тоҷикиро дӯст медорам.

— Ба Шумо фарҳанги Чин писанд аст?

— Албатта! Бахусус рақсҳои миллии чинӣ бароям мақбуланд.

— Агар ба Шумо гӯянд, ки  беҳтарин нақшу нигори суннатии тоҷиконро ба мардуми Чин муаррифӣ намоед, чиро интихоб мекардед?

— Аз нақшу нигори суннатии тоҷикӣ Либоси миллии тоҷикон Чаканро муаррифӣ мекардам. Таърихи ин  либоси қадимӣ 3000 солро дарбар мегирад. Чакан ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

— Бисёриҳо дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам доранд. Ба онҳо дар бораи Тоҷикистон мухтасар чӣ гуфтан мехостед?

— Тоҷикистон ба қисмати ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ дохил мешавад, ҳамсоя ва дӯсти Чин аст ва кишвари муҳим дар Шоҳрохи Абрешим маҳсуб меёбад.

— Тоҷикистон барои сайёҳон чӣ гуна мавзеҳои ҷолиб дорад?

— Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва дорои табиати бою зебо мебошад, аз ин лиҳоз ватани мо мавзеъҳои сайёҳии фаровон дорад. Маслиҳат медиҳам, ки сайёҳон ба дидани Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Помир ва дигар ҷойҳои Тоҷикистон раванд.

— Зиндагӣ дар Чин ва дар Тоҷикистон чӣ фарқияти назаррас дорад?

— Фарқияти аз ҳама асосӣ шояд дар тарзи зиндагӣ бошад. Барои мисол, дар Чин бисёр одамони солхӯрдаро метавон дид, ки серҳаракатанд, бо варзиш машғуланд. Шомгоҳон дар кӯчаҳои Чин ғарқи муҳити  пиронсолони хушҳол метавон гардид, ки бо ҳам сайругашт ва рақсу бозӣ мекунанд. Ин ба ман рӯҳу илҳом мебахшад.

— Шумо ба дӯстони чинӣ чӣ гуфтанӣ ҳастед?

— Марҳабо ба диёри хушманзараи Тоҷикистон! Добро пожаловать в солнечный Таджикистан!

Июль 2, 2019 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид