Имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии соҳибкоронро ба соҳаи сайёҳӣ зиёд намуд

Июль 2, 2019 16:33

ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои самараноки Нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сайёҳон вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам амалӣ мегарданд. Дар доираи чунин вохӯриҳо роҳбарияти Кумита дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо соҳибкорону сокинони фаъол мулоқоти судманд доир намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби соҳибкорон барои бунёд ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар баррасӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ эътироф гардида, бо шарофати татбиқи сиёсати дарҳои кушод ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрўзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад.

Бо фароҳам овардани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав фароҳам оварданд, ки барои соҳаи сайёҳӣ таҳаввулоти тозае гардид.

Инчунин бо мақсади татбиқи босамари имтиёзҳои мазкур, 12 апрели соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Дарвоз дар қисмати ҷануби ВМКБ ҷойгир буда, дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбад ва тавассути ин ноҳия сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ворид мегарданд.

Дар ноҳияи Дарвоз шаҳри қадимие бо номи Карон мавҷуд аст, ки дорои таърихи беш аз 4000-сола буда, бо зиёда аз 25 мавзеи таърихиву фарҳангӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Ба иттилои масъулини ноҳия, дар ҳудуди ноҳия 8 адад меҳмонхонаҳои дорои шароити муносиб ва тарабхонаҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

 

Июль 2, 2019 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад