Кумитаи рушди сайёҳӣ: Ховалинг макони дӯстдорони сайру саёҳат мегардад!

Июль 3, 2019 17:40

ДУШАНБЕ, 03.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, харитаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг, лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, маводҳои иттилоотию тарғиботӣ, аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия карда шуданд. Феълан дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» саҳифаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг боз гардидааст, ки дар он маълумотҳо оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ноҳия ҷойгир карда мешаванд.

Дар Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ, боғановат ва зебои табиати Тоҷикистон аст, бисёр боигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангӣ доман густурда, олами паррандагону ҳайвоноти ваҳшии он аҷибу  нодиранд. Ҳамзамон, меҳмонхона ва се адад ҳомстейҳо (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ)  ташкил карда шудаанд, ки барои пазироии муносиби сайёҳон мусоидат мекунанд.

Ҳомстейҳо бо ороишоти миллӣ оро дода шуда, сайёҳон метавонанд бо расму  русуи ва тарзи зиндагии аҳолии таҳҷоӣ ва таомҳои миллӣ аз наздик ошно шаванд.

Дар баробари ин, як қатор меҳмонхонаҳои муосир бунёд гардида истодаанд, ки дар наздиктарин фурсат барои қабули меҳмонону сайёҳон омода хоҳанд шуд.

Дар ноҳия терминали мусофиркашонӣ, якчанд бозору марказҳои савдо, иншооти  фарҳангӣ, маишӣ, варзишӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ барои  хизматрасонии мусофирону меҳмонон, аз ҷумла сайёҳон  фаъолият мекунанд. Ховалингро бо маркази кишвар, шаҳри  Кӯлоб, ноҳияи Восеъ ва умуман дигар шаҳристонҳову ноҳияҳо роҳҳои мумфарши ҳозиразамон  мепайванданд.

ДАР АКС: Харитаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг

Ноҳияи Ховалинг барои рушди сайёҳӣ мусоиду мувофиқ буда, дар оянда метавонад яке аз марказҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ гардад. Тазаккур бояд дод, ки аз қадим Ховалинг ва захираҳои бойи сайёҳии ин мавзеъ диққати сайёҳону тоҷирон ва донишмандони хориҷиро ба худ  мутаваҷҷеҳ сохта буд.

Дар  ноҳия касбу ҳунарҳои зиёди мардумӣ, аз қабили  заргарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, чармгарӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, рафидадӯзӣ, нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, сабадбофӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, оҳангарӣ, қолинбофӣ ва ғайра боқӣ монда, дар партави дастуру супогнишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва густариш меёбанд. Мкаҳсули ин дастранҷҳои мардумӣ, ки  бо завқу салиқаи баланд таҳия  гаштаанд, ҳамеша таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро  ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҷалб намуда, ҳамчун армуғон аз ҷониби сайёҳон бо камоли майл харидорӣ карда мешаванд.

Агар ба гузашта  ва имрӯзаи ин диёр назар афканем, мебинем, ки мавзеи Кӯлдараи Ховалинг дар саросари  минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун макони таърихию бостонӣ машҳур буда, таърихи чандҳазорсоларо дар худ маҳфуз медорад. Диёри Ховалинг, ки марказаш дар рӯйи вайронаҳои шаҳри бостонии Мулк (асрҳои 6 – 9 мелодӣ) доман паҳн кардааст, аз замонҳои пеш бо табиати дилфиреб, чашмасорони равон, таърихи пурифтихор, мардумони меҳмоннавоз, ҳунармандони чирадаст, диловарони ғаюр, паҳлавонони номӣ, адибони овозадор на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки берун аз он машҳур аст.

Аз тарафи бостоншиносони машҳур, академик В.А. Ранов соли 1968 бошишгоҳҳои зисти одамони  охири асри сангин (эраипалеолит), кашф гардид, ки аз пешинаи таърихии як  миллионсола  башорат медиҳанд. Бостоншиносон зимни ҳафриёт инчунин бошишгоҳҳои одамони асри сангинро дар мавзеи имрӯзаи Лоҳутӣ (500 ҳазорсола) Оби Мазор (400 ҳазорсола), Хонақо (200 ҳазорсола) кашф кардаанд. Ба ҷуз ин, бостоншиноси номии рус А. М. Белентски ва геологии рус А. Дадонов, пас аз ҷустуҷуҳои ҳафриётӣ ва  пажӯҳишҳо  асарҳои арзишманде ба  табъ  расондаанд.

Ба исбот расидааст, ки Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, масири шоҳроҳи  Абрешим аз он ҷо убур кардааст. Аз рӯи пажӯҳишҳои олимони бостоншинос, аз ҷумла академик В.А.Ранов сарзамини Ховалинг қадимтарин музофоти Осиёи Марказӣ буда, таърихи якмиллионсолаи  бошишгоҳҳои одамони асри  сангинро дар худ нигоҳ медорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун сарчашмаи бостоншиносӣ  хидмати шоиста мекунад.

Ховалинг дар самти ҷанубу ғарби маркази кишвар, дар баландии аз 1500  то 2500 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, масофаи роҳ аз он то маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе  283км, то маркази вилоят шаҳри Бохтар 265 км ва то шаҳри  Кӯлоб 70 километрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ноҳия 178,8 ҳазор гектар ва шумораи аҳолиаш беш аз 50 ҳазор нафар мебошад. Ховалинг  ба шаҳру навоҳии Кӯлоб, Балҷувон, Муъминобод, Тавилдара ҳаммарз  аст. Аз баландиҳои Ховалинг  рӯдҳои Оби Мазор, Оби Тира ва Яхсу (Бахшу)  сарчашма гирифта, ба сӯйи водии Кӯлоб ҷорӣ мешаванд.

ДАР АКС: Табиати ноҳияи Ховалинг

Иқлими Ховалинг континенталии миёна буда, ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон  +25- +33, дар фасли зимистон -0 то — 9 ва дар баландиҳо то -23 дараҷа сардию сармо ба мушоҳида расидааст. Андозаи боришоти солона 700-900мм-ро ташкил медиҳад. Фаслҳои сол дар  Ховалинг вобаста ба ҷойгиршавии мавзеъҳояш ба  таври гуногун оғоз мепазиранд.

Дар ноҳия мавзеъҳои зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мавҷуданд, ки диққати ҳар як сайёҳро ба худ ҷалб  месозанд. Ҳусни манзараву боғистонҳо, чашмасорон, шукӯҳи Чилчанори чансадсола, ёдгориҳои таърихию фаҳангӣ, чун Хона-музейи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар Дараи Мухтор, бошишгоҳҳои  одамони асри сангин дар деҳоти Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара, Сангтӯда, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади буддоии деҳаи Чепи вол (Чапол),  Қалъаи Бегим ва ғайра бинандаро ба ҳайрат ва ваҷд меоранд.

Дар заминҳои ноҳия як идда орифону дингустарон маъвои охират ёфтаанд, ки қадамҷо ва оромгоҳи онҳо, амсоли Оромгоҳ-Мамнӯъгоҳи Султон Уввайси Қаранӣ, Оромгоҳи Хоҷа  Аюби Ансорӣ, Оромгоҳи Авлиёи  Зелолак, қадамҷойи  Мавлоно Хоҷаи Чархӣ ба зиёратгоҳи сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ  мубаддал гаштаанд.

Аз ин ки  Ховалинг сарзамини обҳои  равон мебошад, як силсила деҳот ва маҳаллаҳои он унвони «Чашма» ба худ  касб кардаанд, ба мисли чашмаи Қазоған, чашмаи Сурхсақова (мавзеъе, ки  Қаҳрамони халқи тоҷик — Восеъ гулхан афрӯхта, мардумро  бар зидди зулму  бераҳмии  Манғитиён ба шӯриш даъват намудааст), чашмаи  Зардпарвин , чашмаи Санги  рама, чашмаи Шӯр, чашмаи  Курушак, чашмаи Замбӯрак, чашмаи Чӯрак, чашмаи  Ҳикмат, чашмаи Мағфират, чашмаи  Раҳмат, чашмаи Мурод, чашмаи Шифо , ки аз рӯйи ҳикматҳои мардумӣ оби ширину  софи  онҳо ба чандин дардҳо дармон мебахшанд.

ДАР АКС: Сайёҳи хориҷӣ дар табиати ноҳияи Ховалинг

Имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг 7 хатсайри сайёҳӣ дар хидмати сайёҳон қарор дода шудаанд:

Хатсайри якум. Ховалинг — Ҳавзи таърихии Шехмизон — маркази шаҳри Мунки қадим – ҳавзи таърихии Доробӣ (Нозкӯли қадим) — таҳҷои маъбади Буддои Чепол -«Сангтуда-1», «Сангтуда-2» — Бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоии «Лоҳутӣ-1», «Лоҳутӣ-2», «Оби Мазор», Сари ҷар Кулдара (миллионсола, кадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ) ва Мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ. Хатсайри мазкур мошинрав аст.

Хатсайри дуввум. Ховалинг — «Сангтуда-3» — «Сангтуда-4» (ҳарду воқеъ дар деҳаи Чуқурак) —  Мазори Ҳазрати Султон — истиқоматгоҳи Палеолити болои асри сангӣ «Дӯстӣ» (Харирион) —  осорхонаи Восеъ —  Чилчанор — чашмаи қазған — осорхонаи ноҳияи Ховалинг.

а) Аз Мазори Ҳазрати Султон хатсайр тавассути асп ва хар. (Мазор — Уштурчаро — Чангон, Куҳи Утоқ).

б) Мазор — Дашти Меш — Ёдгорбас,  Хингак (ҳудуди кони зар) —  хатсайр бо истифода аз хару асп.

Хатсайри саввум.  Маркази Ховалинг — Дараи Мухтор – Сурсакова — Хавзако (Чормағзи бузург) — Димаҳмуд (сумчҳо ва чашмаҳои шифобахш). Хатсайри мазкур бо истифода аз мошин ва хару асп.

Хатсайри чаҳорум.  Маркази Ховалинг — Салаи Қозӣ (ёдгории  бузурги табиӣ) —  Сафедсанг — Санги Рама (ёдгориҳои  табиӣ) — Сари Кро. Хатсайр бо истифода аз хару асп.

Хатсайри панҷум. Ховалинг — «Сангтуда-5» — Хонакоҳи Севодара (маскангоҳҳои  одамони ҷамоаи ибтидоӣ) — Сангдара — Чилдухтарон — Куҳи Аждаҳор — сиёҳфарк — Талбар.  Хатсайр  бо истифода  аз мошин  ва хару асп.

 Хатсайри шашум. Маркази Ховалинг — Мазори  Ҳазрати  Султон — Руйи Об — Шаршараи Пушти Боғ (Сари Хосори  ноҳияи  Балҷувон).  Хатсайр бо истифода аз мошин ва хару асп.

Хатсайри ҳафтум. Ҳулбук (ноҳияи  Восеъ) — оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (шаҳри  Кӯлоб) – Сангтуда — осорхонаи Восеъ – Чилчанор — осорхонаи ноҳияи Ховалинг- кӯҳи Чилдухтарон (ноҳияи  Муъминобод) — Мазори Хазрати Султон — Шаршараи Сари Хосор (ноҳияи  Балҷувон). Хатсайр бо истифода аз мошин  ва хару асп.

ДАР АКС: Зимистони ноҳияи Ховалинг

Июль 3, 2019 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд