Лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» яке аз дастовардҳои «Телевизиони Сафина» дар соли равон дониста шуд

Июль 24, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз дастовардҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ-ин роҳандозири лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» (Central Asia’s Got Talent)  мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон амалӣ мегардад.  Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми  директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз  иброз намуд.

Инчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки ҳадафи асосии ин озмун рушди фарҳангу ҳунар, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон тавассути ҳунару маҳорати соҳибистеъдодҳои  мамлакат мебошад.

«Аллакай даври интихобӣ ва якуми озмун дар толори барҳавои Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи хеле баланд ва бо иштироки садҳо нафар меҳмонон аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Беҳтарин соҳибистедодҳои мамлакат муайян гардиданд, ки дар даврҳои минбаъдаи озмун ҷумҳурии моро муаррифӣ хоҳанд кард», — зикр намуд ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур, журналисти шинохта Наргис Қосимова.

Бояд гуфт, ки як узви ҳайати ҳакамони озмуни мазкур  ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев буд, ки номзадҳоро барои даври нимниҳоӣ интихоб намуд.

Зикр карда шуд, ки дар назар аст Лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд»  моҳи сентябри соли равон манзури тамошобинон гардад.

Июль 24, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд