Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир мекунад

Июль 4, 2019 15:23

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) иштирок карда натавонистаанд, мерасонад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзҳои 18-19  июл гузаронида мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, тибқи тартиби муқарраргардида, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон (имтиҳонҳо) иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ  мутобиқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва расиди бонкӣ дар бораи пардохти маблағи иловагии муқарраргардида илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ ва расиди бонкӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18  июл, қисмҳои Б (имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) рӯзи 19 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати қабули аризаҳо оид ба  масъалаи  мазкур  аз 8  то 15  июл муқаррар гардидааст.  Инчунин  онҳое, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро надоранд.

Маълумоти пурра ва варақаи аризаро   довталаб аз Маркази миллии тестӣ, бахши минтақавӣ ё сомонаи он дастрас карда метавонад.

Июль 4, 2019 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!