Муҳаммадшариф Бобошозода: «Барномаҳои телевизионҳои маҳаллии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ВМКБ тариқи моҳвора пахш мешаванд»

Июль 24, 2019 10:25

 ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шашмоҳаи дуюми соли равон барномаҳои телевизионҳои маҳаллии шаҳри Душанбе,  вилояти Хатлон  ва ВМКБ  тариқи моҳвора  пахш  мегарданд. Телевизионҳои маҳаллии вилояти Суғд аз аввалҳои соли 2020 ба моҳвора бароварда мешаванд. Ин нуктаро муовини аввали  раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадшариф  Бобошозода имрӯз, 24 июл зимни нишасти матбуотӣ  иброз дошт.

Бо мақсади  беҳтар намудани  сатҳи фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ Кумитаи телевизион ва радио    «Барномаи    давлатии рушди пахши  телевизиони  рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»-ро таҳия намуда, барои  баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Амалӣ гардидани барномаи мазкур  саривақтӣ буда, он аз ҳама ҷиҳат барои рушди соҳа мусоидат менамояд.

Бино ба зикри номбурда,  дар шароити имрӯза  яке аз масъалаҳои муҳим- ин дастрасии  пурраи аҳолии  мамлакат  ба мавҷи шабакаҳои телевизион ва радио мебошад, ки Кумита дар ин замина ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Ҳоло фоизи фарогирии аҳолӣ ба пахши шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ нисбат ба солҳои гузашта  афзоиш ёфта, сифати пахши барномаҳо беҳтар гардидааст. Айни замон фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ  бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион ва радио 60,44  фоизро ташкил медиҳад.  Ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ 7 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфтаи  муовини аввали  раиси Кумитаи телевизион ва радио, бо мақсади бештар намудани фоизи фарогирии аҳолӣ бо пахши шабакаҳои телевизион ва радио дар  ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон  фиристандаҳои рақамӣ насб гардида, рӯзҳои наздик корҳои насбу васли фиристандаҳои рақамии телевизионӣ ва радиоӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Кӯлоб,  Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, Темурмалик, Зафаробод, Ёвон ва дигар минтақаҳо оғоз хоҳад шуд.

«Ҳоло бо мақсади бо сифати баланд ва бе ягон халали техникӣ пахш намудани барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ Кумита бо ду ширкати моҳворавии машҳур- Yahsat  1A ва     NSS  12 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ширкатҳои мазкур  дар ҳама гуна вазъи обу ҳаво барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиоро бо сифати баланд ва бидуни халали техникӣ пахш менамоянд»,- гуфт Муҳаммадшариф  Бобошозода.

Июль 24, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид