Намояндагони ширкатҳои муваффақи Қазоқистон ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 17.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ Душанбе мизбони ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон мегардад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон аз созмондиҳандагони ҷаласаи мазкур маҳсуб мешаванд.
Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва густариши робитаҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоишанд.
Тибқи хабари ба АМИТ «Ховар» расидаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Қазоқистонро дар ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон қариб 20 ширкату корхонаҳои тавлидотии соҳаҳои хӯрокворӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, металлургия, кимиё, кишоварзӣ, тиб ва фармасевтика намояндагӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар доираи ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон нишасту вохӯрии соҳибкорон ва доираҳои тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли B2B доир гарданд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






