НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Ҳайдар Одиназода масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ ва квота донишгоҳро хатм намудаанд, нигаронкунанда номид

Июль 12, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 12.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Ҳайдар Одиназода имрӯз, 12 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ ва квота донишгоҳро хатм намудаанд, нигаронкунанда номид.

Ба зикри мавсуф, донишҷӯёне, ки тариқи квота донишгоҳҳоро хатм мекунанд, бояд ҳатман бо ҷойи кор таъмин шаванд.

«Хатми донишҷӯён натиҷагирӣ аз заҳмати чорсолаи таҳсили онҳо дар  донишгоҳ аст. Аммо барои донишҷӯёни таҳсили буҷавӣ гоҳо мушкилоти таъмин шудан бо ҷойи кор ба миён меояд»,- иброз дошт Ҳайдар Одиназода.

Ба зикри номбурда, нисбат ба ин масъала ҳатто аз баъзе вазорату идораҳо ба унвони донишгоҳ мактуби расмӣ омадааст ва таъмини хатмкардагони буҷавӣ бо ҷойи кор рад карда шудааст.

«Боиси ташвиш аст, ки мавзӯи мазкур ба донишҷӯёни тариқи квота хатмкарда низ тааллуқ дорад. Давоми панҷ соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи ҳукуматҳои ноҳияҳо ба донишгоҳ ворид шудааст. Аз инҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд, ки ташвишовар аст»,- илова намуд Ректори донишгоҳ.

Мавсуф таъкид дошт, ки фиристодани донишҷӯён тариқи квота ба донишгоҳи мо аз натиҷагирии нодурусти ноҳияҳо мебошад. Зеро агар онҳо ба чунин мутахассисон ниёз надошта бошанд, чӣ зарурат пеш меояд, ки онҳоро ба ин ихтисос равона месозанд.

Ба иттилои Ҳайдар Одиназода, соли равон 1493 нафар донишгоҳро  хатм намуданд, ки аз ин шумора 22 нафари онҳо дипломи аъло гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ин донишгоҳ пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони соҳаи техникию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи факултетҳои он аз рӯи зиёда аз 82 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Июль 12, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд