Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «BUDAPEST GRAND PRIX 2019» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 июли соли равон дар шаҳри Будапешти Венгрия мусобиқаи «BUDAPEST GRAND PRIX 2019» баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 625 нафар варзишгар, аз ҷумла 382 мард ва 243 зан аз 85 кишвари сайёра дар назар аст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохтаи тоҷик- Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд. Зимнан, «BUDAPEST GRAND PRIX 2019» ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад, то соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар «BUDAPEST GRAND PRIX 2019»:
- Хайёмиддин Ҷабборов — 66 кг
- Сомон Маҳмадбеков- 73 кг
- Беҳрӯзи Хоҷазода- 73 кг
- Акмал Муродов- 81кг
- Комроншоҳи Устопириён- 90 кг
- Темур Раҳимов +100кг









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






