Роҳбарони хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ имрӯз дар Душанбе ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи XXVI Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 19 июл дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) баргузор мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Аъзои Шӯро масъалаҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулиро муҳокима мекунанд. Илова бар ин, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории тарафҳо дар доираи конвенсияҳо оид ба кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар масъалаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ аз 22 январи соли 1993 ва 7 октябри соли 2002 баррасӣ карда мешаванд.
***
Дар баробари ин, тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд:
19-20 июл дар Ашқобод ҷаласаи Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ доир мегардад.
Иштирокдорони ҷаласа самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар доираи Иттиҳод, татбиқи қарорҳои мақомоти баландпояи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соҳаи тандурустӣ (махсусан, марбут ба ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва табобати диабети қанд, огоҳсозии паҳншавии бемории сил, татбиқи Стратегияи «Аҳолии солими давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», фаъолияти ташкилотҳои асосӣ дар соҳаи психиатрия ва наркология), инчунин қарорҳои Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ баррасӣ хоҳанд кард.
24 июл дар шаҳри Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад.
26 июл дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мақомоти Иттиҳод доир мешавад.
1-2 август дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ҳамоҳангсозии лоиҳаи Низомномаи портали гуманитарии байнидавлатии «Ҳамоҳангӣ: адабиёт ва публисистикаи кишварҳои Иттиҳод» ва Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ доир ба ин масъала баргузор мегардад.
23 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андозбандӣ (молиявӣ) баргузор мегардад.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






