Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур дод, ки барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд

Июль 15, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир  гардид.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия вакилон  рӯзномаи кори онро тасдиқ  намуданд.  Ба рӯзномаи кори иҷлосия 5 масъала, аз ҷумла вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт, рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба корандохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар 6 моҳи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои минбаъд, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулин, вакилони халқ ва сохторҳои марбутаро ба  иҷрои босифати барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии  ҷавонон ҷалб  намуд.

Дар ин зимн Раиси шаҳр аз амалҳои номатлуб байни ноболиғону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори  нигаронӣ  намуда, ба масъулин дастуру супориш дод, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Ҳамчунин онҳо вазифадор гардиданд, ки баҳри тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон фаъолиятро пурзӯр намуда, бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ихтиёран ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, дуруст  ба роҳ мондани фаъолияти беморхонаҳо ва назорати истифодаи дурусти майдончаҳои варзишии тозабунёд тадбирҳои муассир андешанд.

Зимни баррасии  масълаи   дуюми   рӯзномаи иҷлосия  дар робита ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе Раиси шаҳр аз масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти рушди тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, ободонии шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист  барои тамоми қишрҳои ҷомеа чораҷӯӣ намоянд.

Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохторҳои марбута доир ба тозаву озода  нигоҳ доштани пойтахт, вусъати корҳои партовбарорӣ, тақвияти корҳои рангуборкунӣ, ороиши намои биноҳои банақшагирифташуда, тавсеаи парвариши гулҳои  ороишӣ, дар ин робита мутобиқсозии парвариши гулҳои бисёрсолаю  мавсимӣ ба иқлими мамлакат ва тибқи талаботи муосири шаҳрдорӣ ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт супоришҳои мушаххас дод.

Сипас вакилон ҳисоботи муовини  Раиси шаҳри Душанберо  вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани  корхонаҳои аз фаъолият  бозмонда, дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ шунида, иҷлосия вобаста ба он  қарори дахлдор ба тасвиб расонд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдорро ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои хусусигардонидашуда ва  аз фаъолият бозмонда ҷалб намуд.

Рустами Эмомалӣ доир ба пешгирии ҳолатҳои барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯю ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баланд сифат ва рақобатпазир бо  роҳи   таъсиси  хатҳои нави истеҳсолӣ изҳори назар карда,  таъкид  намуд, ки масъулин бояд барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, таҳияву амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии банақшагирифташуда  чораҳои  зарурӣ ба роҳ монанд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бобати вусъати корҳои  сохтмонӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ, пайваст  намудани бинову иншоот бо хатҳои гармидиҳӣ, беҳтар намудани сифати таъмини биноҳои бисёрошёна бо об тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд.

Иҷлосия  натиҷаҳои  рушди иқтисодию  иҷтимоии  шаҳри Душанберо дар нимсолаи аввали соли 2019  ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои нимсолаи дуюм муайян кард.

Тавре зикр  гардид, бо   назардошти роҳандозии  тадбирҳои   зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои   асосии   иқтисодии   шаҳри Душанбе таъмин карда шуд.

Мувофиқи маълумоти   пешакии оморӣ,  Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи  аввали соли 2019 ба 6 миллиарду 662,3 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши  воқеии он нисбат ба ҳамин   давраи соли гузашта 6, 7 фоиз  ва   саҳми он дар ММД   21,2 фоизро  ташкил  дод.

Дар ин робита, ба муовини   якум   ва  муовинони  Раиси  шаҳри Душанбе, раисони  ноҳияҳои  пойтахт, роҳбарони  дастгоҳ  ва  воҳидҳои  сохтории  дахлдор, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе дастур  дода  шуд, ки  бо  дарназардошти сазовор  таҷлил  намудани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии  нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин намуда, рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолиятбозмонда ва дар ин замина дарёфти   сарчашмаҳои   нав ба буҷет ва иҷрои саривақтии нақшаи он,  ташкили  ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар раванди истеҳсолот, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварии маблағи истифода аз хизматрасониҳои  коммуналӣ, пешгирии  ҳолатҳои ғасби замин, сохтмони худсаронаи ошёнаҳои иловагӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳр, беҳтар намудани сифати бунёди роҳҳо, назорати нарху навои маҳсулот дар бозорҳо, тозаю озода нигоҳ доштани атрофии корхонаву муассисаҳо ва тарабхонаҳо  дастуру супоришҳои мушаххас дода  шуд.

Раиси шаҳр масъулин ва намояндагони  ҳифзи ҳуқуқу тартиботро вазифадор намуд, ки ҳамагуна қонуншиканӣ ва вайронкориҳоро пешгирӣ намуда,   миёни сокинон корҳои тарғиботиро ҷоннок  намоянд.

Иҷлосияи  мазкур бо инобати таъмини рушди устувори пойтахт вазифаҳоро барои давраи минбаъда муайян кард.

Иҷлосияи нуздаҳуми  Маҷлиси  вакилони   халқи   шаҳри Душанбе як зумра  қарорҳои   қабулнамудаи   Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул  гардид.

Июль 15, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор мегардад
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз доданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзӣ баргузор шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ оғоз шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарони вазорату идораҳо оғоз гардид
Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз тақвият меёбад
Дар Душанбе аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида сохта мешавад