Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» бо зеҳни сунъӣ насб гардида, гузаргоҳҳои пиёдарави дурахшанда ва нишондиҳандаҳои кӯчаҳо низ пайдо шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат якчанд тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ҳаракат дар роҳ андешида шуданд.
Лоиҳа аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ карда шуд. Ҳоло дар чорроҳаҳои кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро дар назди Хонаи матбуот, инчунин кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Карамов дар назди Донишгоҳи аграрӣ чароғакҳои ҳушманд насб карда шудаанд, ки дар асоси зеҳни сунъӣ кор мекунанд.
Чароғакҳо дар вақти воқеӣ маълумотро таҳлил, мошинҳоро ҳисоб мекунанд, суръати ҷараёни ҳаракатро чен карда, мавҷудияти пиёдагардонро сабт месозанд. Пас аз ин, зеҳни сунъӣ худаш қарор медиҳад, ки ба кадом самт нури сабз диҳад ва барои кадом вақт. Яъне, вақти фурӯзон будани ранги сабз яксон нест ва ҳар дафъа вобаста ба ҷараёни ҳаракат дар роҳ тағйир меёбад. Ин барои кам кардани танбашавии мошинҳо кумак мекунад. Чунин чароғакҳо бори аввал дар консолҳо, яъне дар такягоҳҳои овезон дар болои қисми роҳ насб карда шуданд. Ин ба ронандагон имкон медиҳад, ки равшании чароғакро ҳатто аз масофаи дур бинанд.
Яке аз дигар иншооти калидӣ, ки дар онҳо навсозӣ шудааст, чорроҳаи кӯчаҳои Раҳимӣ ва Сино дар назди бинои Прокуратураи генералӣ мебошад. Дар ин ҷо тарҳи ташкили ҳаракат тағйир дода шуда, ҳоло хати миёна махсус барои гардиш ба тарафи чап ҷудо карда шудааст. Дар чароғакҳо барои онҳое, ки ба рост ва чап гардиш мекунанд, нишондиҳандаҳои иловагӣ пайдо шуданд. Бо шарофати ин мошинҳо хати ҳаракатро зудтар озод мекунанд. Аммо, баъзе ронандагон аз тағйирот бехабаранд ва хатеро ишғол мекунанд, ки аз он танҳо гардиш кардан мумкин аст, вале онҳо ҳаракатро ба самти рост идома медиҳанд. Ин вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст, ки барои он ҷарима пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби хати ҳаракат ронандагонро зарур аст, ки бодиққат бошанд.
Навгонии дигари пойтахт гузаргоҳҳои дурахшандаи (нурафкани) пиёдарав мебошанд. Онҳо бинишро аз дур таъмин мекунанд, ронанда пиёдагардро ҳатто шабона ё дар вақти борони шадид низ мебинад. Чунин гузаргоҳҳо бо истифода аз тавҳизоти нурафкани LED сохта мешаванд, ки дар сутунҳои махсус ва ё такягоҳҳо дар болои роҳи кӯчаҳо насб карда мешаванд. Инчунин дар канори баъзе роҳҳо панҷараҳо насб карда шудаанд, ки ба гузариши қисми роҳ дар ҷойҳои номувофиқ монеъ мешаванд. Ин кор барои пешгирии нақзи қоидаҳои ҳаракат ва баланд бардоштани бехатарии пиёдагардон анҷом дода мешавад. Илова бар ин, барои кумак ба сайёҳон ва меҳмонони пойтахт нишондиҳандаҳои кӯчаҳо бо тарҷума ба забони англисӣ пайдо шудаанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






