«Standard & Poor’s» рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр менамояд

Июль 9, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи августи соли равон рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии  рейтингии «Standard & Poor’s» таҳия ва нашр гардад.

Ин дар ҳолест, ки 8 июл муовини аввали риси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуровро, ки  барои муҳокимаи интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Аз шуъбаи иттилооти Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  Ҷамолиддин Нуралиев аз ташрифи меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш истиқбол карда, аз фаъолияти таҳлилӣ ва баҳодиҳии онҳо нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Мавсуф ба намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» оид ба вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар баробари ин боло рафтани рушди стратегӣ иттилоъ  дода, ҳамчунин яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор додани саноатикунонии босуръатро дар сиёсати иқтисодии кишвар махсусан зикр намуд.

Таҳлилгари  «Standard & Poor’s» Тревор Куллинан барои ҳамкорӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумоти зарурӣ ҷиҳати омода намудани таҳлил ва баҳодиҳии кишвар ба БМТ изҳори сипос намуда,  аз самарабахшии нишондиҳандаҳои рейтингӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ибрози назар кард.

Зимни машварат ҷонибҳо оид ба масоили молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, омори тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, назорати бонкӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои матраҳшударо барои баҳодиҳии рейтингии минбаъдаи кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Тревор Куллинан оид ба методологияи гузаронидани баҳодиҳии рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла аз рӯи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таркиби нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати буҷетӣ ва андозӣ, барориши вомбаргҳои давлатӣ (евробонд), низоми назорати бонкӣ ва сифати дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, бозори қарзӣ ва низоми молиявӣ, инчунин сиёсати пулию қарзӣ ва ҳадафгирии таваррум ибрози назар кард. Мавсуф  гуфт, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумоти оморӣ ва иттилоотӣ бо назардошти нақшаҳои дар оянда пешбинишаванда мебошад.

Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкорӣ бо Агентии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки ҳар як баҳодиҳӣ, таҳлил ва ё рейтинг, ки аз берун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, басо муҳим буда, барои ташаккули афкори ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшгузор аст. Дар баробари ин, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар барои ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили асосӣ (катализатор) ба ҳисоб рафта, дар муайянкунии эътибор ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муассир арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» даъват ба амал овард, ки зимни гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии кишвар таъмини шаффофият бо назардошти тамоюли рушди самтҳои муваффақ ба инобат гирифта шавад.

Таҳлилгарони «Standard & Poor’s» зимни сафари худ нақша доранд ҷиҳати баҳогузории рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар бо роҳбарияти як зумра вазорату идораҳо, назири Вазорати молия, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ- намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту машварат доир намуда, барои шинос шудан бо раванди корҳои сохтмонӣ аз НБО «Роғун» низ боздид ба амал оваранд.

Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба муқаррароти Протоколи ҷаласаи XIII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 Бонки миллии Тоҷикистон барои  гузаронидани раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст.

Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби БМТ ҳамасола дар асоси созишнома бо Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» ба роҳ монда мешавад. Агентии мазкур дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводи таҳлилӣ ва иттилоотиро нашр менамояд. Ҳамасола рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии «Standard & Poor’s» ду маротиба таҳия ва нашр шуда, нашри навбатии рейтинг, ки мавриди муҳокима қарор дода шудааст,  моҳи августи соли равон дар назар аст.

Июль 9, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид