Тоҷикистон ва Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу колоро дар давлатҳои якдигар муҳим донистанд

Июль 26, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 24 июл бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии ин кишвар Ғуломризо Шофеӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо  барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид карданд. Ҷониби эронӣ омодагиашро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон  изҳор намуд ва таҳкими робитаҳои бахши хусусии ду кишварро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар давлатҳои якдигар муҳим дониста шуд. Ҳамчунин тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки қарор аст охири соли равон дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардид.

 АКС: ВКХ ҶТ

 

Июль 26, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад