ЯК ЗИНА БОЛО. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА дар мақоми 119-ум қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 26.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 июли соли 2019 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин бора дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рейтинги мазкур дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум қарор гирифт. Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад.
Дастаи мунтахаби Белгия бо касби 1746 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби Бразилия бо 1726 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Франсия бо касби 1718 хол ҷойгир шудаанд.
Раддабандии нави ФИФА:
- Белгия (1746 имтиёз)
- Бразилия (1726)
- Франсия (1718)
- Англия (1652)
- Уругвай (1637)
- Португалия (1631)
- Хорватия (1625)
- Колумбия (1622)
- Испания (1617)
- Аргентина (1610)
…
- Тоҷикистон (1152).








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






