25 АВГУСТ- РӮЗИ АНГИШТКАНОН. «Стахановҳо»-и тоҷик азм доранд, ки ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 2 миллион тонна расонанд

Август 25, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 25.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Барои чӣ «стахановчиён» нею «Стахановҳо»? «Стахановчигӣ» номи ҳаракати замони  собиқ СССР буд, ки бо суқути давлати шӯравӣ аз забонҳо канда шуд. Алексей Стаханов як нафар   шахтёри украинист, ки дар кони Донбасс кор мекард. 21 августи соли 1935 ӯ дар бадали ҳамагӣ 5 соату 35 дақиқа 102 тонна ангишт канда, рекорд нишон дод. Ин миқдор ангишт ба меъёри кори 14-шабонарӯзии  як нафар коргар баробар буд. Аз ҳамон вақт инҷониб дар тамоми қаламрави СССР ҳаракати «стахановчигӣ» қариб дар ҳамаи соҳаҳои саноат машҳур шуд.

Вале Тоҷикистон имрӯз воқеан ҳам «Стахановҳо»-и худро дорад. Ангиштканони тоҷик порсол бори нахуст дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат беш 1 миллион тонна ангишт истеҳсол карданд.   Имсол онҳо тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат нақшаҳои тасдиқгардидаро барзиёд иҷро намуда, истихроҷи ангиштро   то ба 2 миллион тонна расонанд.  Дар ин бора сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин АБДУРАҲИМЗОДА  дар арафаи Иди касбии кормандони соҳаи ангишт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии кормандони соҳаи ангишт ҷашн гирифта мешавад, ки соли равон он ба 25 август рост омад. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ангишт мебошад. Аз ин ҷост, ки он чун манбаи алтернативии энергия самаранок истифода мешавад. Агар солҳои пеш ангиштро танҳо аҳолӣ истифода мекард, пас имрӯз  корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ низ бо истифода аз он фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Ангишт ҳамчунин дар рӯйхати маҳсулоти содиротии мамлакати мо ҷойгир аст. Аз ин ҷост, ки ба ин соҳа аҳамияти хосса дода мешавад.

Масалан, 20 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни ҶДММ «Қудрат-2010»  иштирок карданд.

Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфта, давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон  бори аввал аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад. Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 13,2 миллион тонна мебошад.

ДАР АКС: сардори раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Тавре Баҳриддин Абдураҳимзода иброз намуд, соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳисобида шуда, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар як муҳлати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад.

Номбурда инчунин зикр кард, ки мавҷудияти захираҳо ва навъҳои гуногуни ангишт на танҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷу коркарди саноатии он, балки ба истеҳсоли маводи технологӣ, кимиёвӣ ва сӯзишворӣ имконият медиҳад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он рушди саноати кимиё ва металлургия дар оянда метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии мамлакат дар самти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад.

Ангишт дар мадди аввал бо шарофати арзишҳои энергетикӣ доштанаш яке аз захираҳои муҳими табиӣ ба шумор рафта, захираҳои омӯхташудаи он дар бисёр давлатҳо нисбат ба захираҳои манбаъҳои дигари энергияи сӯзишворӣ хеле зиёданд. Бозори ҷаҳонии ангишт нисбат ба нафт ва газ рақобати зиёд дорад, зеро конҳои ангишт дар тамоми қитъаҳои олам мавҷуд ва дар ҳамаи минтақаҳои гуногуни ҷаҳон истихроҷ мегарданд.

Пайваста афзоиш ёфтани эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба ангишт ҳамчун манбаи асосии тавлиди энергия, зарурати ба роҳ мондани раванди истеҳсоли маҳсулоти мазкурро бо риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо ва тартиботи соҳавии технологияи истихроҷу коркард бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавиро тақозо намуд.

«Давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакати мо зиёда аз 11 миллион тонна ангишт истихроҷ карда шудааст. Дар натиҷаи амалигардонии иқдомҳои пешгирифта дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар соҳа истихроҷи ангишт аз 313 ҳазор тоннаи соли 1991 ба 1 млн 907 ҳазор тонна дар соли 2018 расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар давраи истиқлолият ва таърихи саноати ангишти мамлакат мебошад»,-илова кард ӯ.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбат, истихроҷи ангишт дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби 10 корхона дар 8 кон ба роҳ монда шуда, ба  959,2 ҳазор тонна расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 111 ҳазор тонна (113%) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 144 ҳазор тонна (115%) зиёд таъмин карда шуд. Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 20 августи соли равон ба 1 миллиону 115 ҳазор тонна расонида шуда, ҳар шабонарӯз то 10 ҳазор тонна истихроҷ мегардад.

Дар ин дастовард саҳми корхонаҳои дар кони ангишти «Фон-Яғноб»  фаъолияткунанда назаррас мебошад. Ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 62,5 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 37,5 фоиз, инчунин бо тарзи кушод 94,2 фоиз ва зеризаминӣ 5,8 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра харидории ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 981,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки он асосан  барои зиёд намудани истеҳсоли барқ ва бо гармӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе ба Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол дода мешавад.

Бино ба иттилои Баҳриддин Абдураҳимзода, аз ҳисоби зиёд гардидани талаботи МБГ-2 шаҳри Душанбе ба ангишт харидории он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 193,9 ҳазор тонна зиёд гардидааст.

Ҳаҷми содироти ангишт то 20 августи соли равон 9072 тонна, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Покистон -8746 тонна ва Ӯзбекистон – 326 тоннаро ташкил дод.

Номбурда доир ба корҳои қабаткушоӣ ва нақбканӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки давоми  ҳафт моҳи соли равон дар ҳаҷми  4,8 млн м3 корҳои қабаткушоӣ, 5509 метри тӯлонӣ  корҳои нақбканӣ ва омодасозӣ,   2407 метри тӯлонӣ корҳои  таъмиру барқароркунӣ амалӣ карда шудаанд.

Вобаста ба истихроҷ, истифода ва дурнамои фаъолияти корхонаҳои соҳаи ангишт Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки яке аз принсипҳои асосии он саноатикунонӣ мебошад, лоиҳаи «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намудааст, ки амалишавии он ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

«Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳа заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо, инчунин коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Дар марҳилаҳои амалишавии ҳадафҳои гузошташуда ба масъалаи коркарди зеризаминии конҳо диққати махсус дода шуда, бо ин мақсад ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур дониста мешавад», -зикр кард Баҳриддин Абдураҳимзода.

Ҳамчунин афзуд, ки новобаста аз мушкилоти молиявӣ ва истеҳсолии  корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб», ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон», Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик», КФ «Зиддӣ» ва ҶДММ «Қудрат-210» тадбирҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 40 миллион сомонӣ 48 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ харидорӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида маблағгузорӣ 15 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти техника ва технология имкон дод, ки шумораи кормандон дар корхонаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 77 нафар зиёд гардад.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи саноати ангишт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот бо нишондиҳандаҳои назаррас иди касбии худро ҷашн гиранд. Мо низ аз фурсат истифода бурда, кормандони ин соҳа-ангиштканони ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрик намуда, дар  ин пешаи мушкил ва  дар айни ҳол муҳими соҳаи саноат комёбиҳои назаррас таманно дорем.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Август 25, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд