ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 80 нафар тарбиятгирандагони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби муассисаи нав мешаванд

Август 1, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду навсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар нимсолаи якум дар ноҳия бо харҷи 14 миллиону 560 ҳазор сомонӣ  68 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд,  ба истиқболи ин ҷашни миллӣ дар маҳаллаи 40-солагии Дилварзини Ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи томактабӣ бунёд мешавад.

Муассисаи томактабӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Оймаҳмад Шарипов бунёд гардида истодааст.

Тибқи лоиҳа, барои бунёди иншоот 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ  анҷом ёфтаанд. Муассисаи мазкур барои 80 нафар тарбиятгиранда дар як баст сохта шуда,  аз ду ошёна иборат мебошад.

 

Август 1, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад