ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор аз ҷониби соҳибкорон 64 иншооти хурд бунёд мешаванд
ФАРХОР, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 324 адад бинову иншоот ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар аксари иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бинокорон талош доранд то таҷлили ҷашни миллӣ онҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин бора раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода иттилоъ дод.
Ба гуфти номбурда, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмону навсозии 324 адад бинову иншоот, аз ҷумла соли 2019 -158 адад, соли 2020 – 79 адад ва соли 2021 36 адад дар назар дошта шудааст. Соли 2018 дар ноҳия 51 иншоот бунёду навсозӣ шуданд.
Дар айни замон дар 64 иншооти хурди 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ҷониби соҳибкорон ба итмом расонида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки то соли 2021 дар ноҳия сохтмони 11 мактаби нав барои 7480 хонанда, 56 синфхонаи иловагӣ барои 1400 ҷои нишаст, таъмири асосии 2 мактаб ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 9 адад бунгоҳи тиббӣ, 15 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 бинои кошонаи ҳусн, 76 мағоза ва марказҳои савдо, навсозии боғи фарҳангӣ, корхонаи коркарди меваю сабзават, 5 чоҳи амудӣ, сохтмону навсозии 2 бозор, 34 сартарошхона, 2 нонвойхона, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва сохтмони дигар иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад






