ҒАЛАБА МУБОРАК! Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпиони CAFA-2019 гардид!

Август 2, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019     миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  

Ин  вохӯрии ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро соҳиб шуд. Медали нуқраи мусобиқоти мазкурро дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон сазовор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барандаи медалҳои биринҷӣ гардид. Бозингарони навраси  тоҷик бори дигар исбот намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон босуръат рушд карда, ояндаи наздик дар мамлакати мо низ футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ ба камол мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки  президенти Федератсияи  футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ   дар кунгураи 4-уми CAFA, ки 24  апрели имсол дар Душанбе доир гардид, президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Афғонистон  шоми    1  август  дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе доир гардид, Рустами Эмомалӣ ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои CAFA –ро супорид.

Дастаи ғолиб – Тоҷикистон бо Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра ва дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи «Бозингари беҳтарин» ба Муҳаммадворис Саидалиев, узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тақдим гардид. Ҷоизаи «Нишонзани беҳтарин» насиби Аҳмад Зикриё Ҳусайнӣ, узви дастаи  мунтахаби наврасони Афғонистон шуд. Ӯ дар ин мусобиқот се гол задааст.

Президенти ФФТ ва CAFA Рустами Эмомалӣ бо бозингари беҳтарини Чемпионати CAFA-2019 Муҳаммадворис Саидалиев

Ба дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд.

Даври 5-ум

Қирғизистон – Эрон – 0:5

 Ӯзбекистон – Туркманистон – 4:0

 Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Хотиррасон  мешавем, ки  30   июл   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаи   мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дастаи  мунтахаби  наврасони   Эронро   бо ҳисоби калони   3:0 мағлуб  намуд. Тӯбро аз дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  дар ин дидори ҷолиб Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд. Бозии дигар байни дастаҳои мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбозони навраси ӯзбек хотима ёфт. Дар  як вохӯрии дигар дастаи  мунтахаби наврасони   Туркманистон бар  дастаи наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад  Дар айни замон дастаи  мунтахаби  наврсони Тоҷикистон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал мебошад.

Даври  4-ум

Эрон – Тоҷикистон – 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Сунатулло Азизов, 70+3 (0:3).

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

 Туркманистон  – Қирғизистон  – 1:0

Голҳо: Муҳамметалӣ Кишиков, 55.

29  июли  соли равон   даври сеюми   Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор гардид. Дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  аз дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва футболбозони Эрон  аз дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо натиҷаи  1:0 шикаст хӯрданд.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3

Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди  Тинибеков, 46 (2:3).

 Голҳо:

Эрон – Афғонистон – 0:1

 Голҳо: Аҳмад Закарёи    Ҳуссайнӣ, 66.

26 июли соли равон дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Дар бозиҳои  дигари  гурӯҳ дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон дидорро  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даври 1-ум

Ӯзбекистон – Тоҷикистон  – 1:1

 Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

 Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

Афғонистан – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).

27 июли соли 2019  дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозии ин дастаҳо  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Дар бозиҳои дигар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 1:0  ва  дастаи  Эрон бар  дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 2-ум

 Тоҷикистон – Қирғизистон – 2:0

 Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 Голҳо: Аҳмад Закарёи  Ҳуссайнӣ, 22.

Ӯзбекистон – Эрон – 1:2

 Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.

Ғалаба муборак! Мо  бо дастаи мунтахаби футболи  наврасони  то 16- солаи Тоҷикистон ифтихор мекунем!

Август 2, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳӣ 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюм бо дастаи футболи ИМА бозӣ мекунад
Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои Ҷоми ҷаҳон-2025 муайян гардид
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Қазоқистон соҳиби чор медал гардиданд