Барандагони Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Борбадро дар соҳаи мусиқӣ муайян намуд.
Тавре раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом иброз дошт, озмун аз рӯйи оҳангҳои эҷоднамудаи бастакорон ҷамъбаст гардид.
Мавсуф гуфт, ки озмун моҳи июн барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ эълон гардида буд.
Тибқи хулосаи аъзои ҳакамони озмун ва Қарори раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо ҷоизаи мазкур Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷурахон Обидпур ва мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирӯз Ӯлмасов сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир ва инъикоси арзишҳои миллӣ таъсис ёфтааст.
Ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносоне дода мешавад, ки дар ду соли охир беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ эҷод намуда, оид ба масъалаи пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ ва такомули методологии санъати касбии миллӣ асар навишта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи мазкур ба он хотир ба номи Борбад номгузорӣ шудааст, ки Борбад қофиласолори мусиқӣ, оҳангсоз, сарояндаю навозандаи бузург буда, бисёр анъанаҳои классикии созию овозии мо аз осори ў сарчашма гирифтаанд.
Аз рўи маълумоти таърихшиносон, Борбад бо зиёда аз даҳ асбоби мусиқӣ мақоми эҷод кардаи худро менавохтааст, ки намунаи асарҳои эҷодкардаи ӯ, ба монанди «Боғи Шаҳриёр», «Аврангзеб», «Ҳафтганҷ», «Наврўзи Бузург», «Сарвистон», «Яздон офарид» то давраи мо расидааст. Борбад аз ҷумлаи устодони номвари мусиқии мардумони эронинажод ва Осиёи Марказӣ буда, мавқеи ў дар таърихи мусиқии Шарқ ончунон бузург будааст, ки номаш ба сифати рамзи созу овоз ба ҳаёти мадании шарқиён ворид шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири арҷ гузоштан ба рӯҳи ин қофиласолори мусиқӣ дар Тоҷикистон ҷоиза, Маҷмааи давлатӣ ва як кӯчаю як хиёбон Борбад номгузорӣ шудаанд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






